Ҷаласаи сеюми Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ
There are no translations available.

 

6 январи соли 2018. шаҳри Душанбе. Дар толори Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ таҳти роҳбарии Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ, муҳтарам Давлаталӣ Саид доир гардид.

f

Дар ҷаласаи мазкур муовини Раиси Шӯро – раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, аъзои Шӯро, роҳбарияти вазорати адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, саноат ва технологияҳои нав, корҳои дохилӣ, кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва мақомоти санҷишӣ, шарикони рушд ва дигар шахсони масъул иштирок варзиданд.

d

Тибқи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи Шӯро гузоришҳо оид ба рафти иҷрои Протоколи №2 Шӯро аз ҷониби Котиби Шӯро, оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” аз ҷониби муовини Раиси Шӯро-Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, оид ба рафти татбиқи нақшаҳои солонаи гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор барои соли 2017 аз ҷониби роҳбарияти Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии стандартизатсия, метрология сертификатсия, ва нозироти савдо (Тоҷикстандарт), Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист) пешниҳод гардиданд.

s

Ҳамзамон дар рафти кори ҷаласа Нақшаҳои солонаи гузаронидани санҷишҳои мақомоти санҷишӣ барои соли 2018, Номгӯи меъёрҳои арзёбии дараҷаи таваккали фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ва Номгӯи масъалаҳои назоратие, ки аз ҷониби мақомоти санҷишӣ барои мувофиқа ва тасдиқ ба Шӯро пешниҳод гардида буданд, мавриди барассӣ қарор гирифта, бо назардошти эълон гардидани моратория ба ҳама намуди назорат ва санҷишҳои фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ аз ҷониби Раиси Шӯро барои такмили Нақшаҳои солонаи гузаронидани санҷишҳои мақомоти санҷишӣ барои соли 2018 ба масъулини мақомоти санҷишӣ супоришҳои дахлдор дода шуд.

a

Инчунин, бо қарорҳои дахлдор Шӯро Номгӯи меъёрҳои арзёбии дараҷаи таваккали фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ва Номгӯи масъалаҳои назоратии мақомоти санҷишӣ тасдиқ гардиданд.

v

Ҳамзамон дар рафти корӣ ҷаласаи Шӯро аз ҷониби Котиботи Шӯро гузориши таҳлили оид ба корҳои анҷомдодашуда ҷиҳати иҷрои банди 5 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017, №266 дар хусуси пешниҳод намудани таклиф бо мақсади кам кардани ваколатҳои санҷишии мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаҳои ҷангал, шикор ва ҳудудҳои махсус муҳофизатшавандаи табиӣ, забон ва ислоҳот, идораи замин ва геодезӣ, бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқ ба он, омор, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, фаъолияти зиддиинҳисорӣ ва муарифномаи Маҳзани ягона оид ба санҷишҳои гузаронидашуда ва низоми иттилоотии идоракунӣ ё худ Портали электронӣ оид ба санҷишҳо пешниҳод карда шуд.

734075, Ҷумҳурии Тоҷикистон,
шаҳри Душанбе, кӯчаи Шотемур -27
Тел: (992 37) 221-86-59(ф), 221-71-04
(992 37) 221-76-44 (алоқаи мустақим)
Веб-сайт: www.gki.tj
Почтаи электронӣ: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript