Муаррифии портали "Маҳзани ягона оид ба санҷишҳои гузаронидашуда ва низоми иттилоотии идоракунӣ"
There are no translations available.

Аз 27 то 29 марти соли 2018 дар вазорату идораҳои дахлдор ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо мақсади автоматикунонии ҷараёни ҳамоҳангсозии гузаронидани санҷишҳо, пешгирии такроршавии санҷишҳо ва вайронкунии муҳлати гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор муаррифномаи тартиби ташкил, пур кардан ва пешбурди Маҳзани ягона оид ба санҷишҳои гузаронидашуда ва низоми иттилоотии идоракунӣ (портали санҷишҳо) таҳти роҳбарии муовини Раиси Кумита муҳтарам Нигина Анварӣ гузаронида шуд.

0

Портали санҷишҳо дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 октябри соли 2016,  №429 «Дар бораи тартиби ташкил, пур кардан ва пешбурди маҳзани ягона оид ба санҷишҳои гузаронидашуда ва низоми иттилоотии идоракунӣ» омода карда шуда, бо дастгирии молиявии шарикони рушд, аз ҷумла Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ, Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ (IFC) ва Котиботи давлатии Швейтсария оид ба иқтисод (СЕКО) ҷорӣ карда мешавад.

4

Муаррифии портали мазкур аз ҷониби коршиноси Ширкати «Маркази тиҷорат ва инноватсия» (CBI) Ҷумҳурии Қирғизистон  манзури иштирокчиён гардонида шуд.