Фаъолияти туристӣ

Номгӯи иҷозатнома: иҷозатномаи фаъолияти туристӣ

Намуди фаъолият: фаъолияти туристӣ

Мақсади иҷозатномадиҳӣ: танзими соҳа ва рушди он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Асоси ҳуқуқӣ: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқ намудани Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳии баъзе намудҳои фаъолият” аз 03.04.2007с. №172

Мақомоти иҷозатномадиҳанда: Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хадамот, раёсат, шӯъба ва ё дигар сохтори масъули мақомоти иҷозатномадиҳанда: Комиссияи иҷозатномадиҳии фаъолияти туристии Кумита (бо фармоиши Раиси Кумита)

Суроғаи расмии хадамот, раёсат, шӯъба ва ё дигар сохтори масъули мақомоти иҷозатномадиҳанда: кучаи Варзишгарон, 6

Рақами телефони хадамот, раёсат, шӯъба ва ё дигар масъули мақомоти иҷозатномадиҳанда: 2364266, 2351025, факс 2351024

Нишонаи электронии хадамот, раёсат, шӯъба ва ё дигар сохтори масъули мақомоти иҷозатномадиҳанда: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

Сомонаи интернетии хадамот, раёсат, шӯъба ва ё дигар сохтори масъули мақомоти иҷозатномадиҳанда: www.travel.tajikistan

Вақтҳои кории хадамот, раёсат, шӯъба ва ё дигар сохтори масъули мақомоти иҷозатномадиҳанда: аз 8:00 то12:00, 13:00 то 17:00

Шахси масъул: Сармутахассиси Раёсати рушди сайёҳии дастгоҳи марказии Кумита Иззатуллоев Ф.У.

Рақами телефони шахси масъул: 236- 42-66

Нишонаи электронии шахси масъул: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

Рӯзҳои қабул ва вақтҳои кории шахси масъул: Душанбе - Ҷумъа аз соати 8:00 то 17:00

Хироҷ барои баррасӣ намудани иҷозатнома: чор нишондиҳанда барои ҳисобот Хироҷ барои додани иҷозатнома: даҳ нишондиҳанда барои ҳисобот

Хироҷ барои аз нав додани иҷозатнома: ду нишондҳанда барои ҳисобот

Мӯҳлати баррасии ариза ва додани иҷозатнома: на камтар аз 30 рӯз

Мӯҳлати амали иҷозатнома: аз 1 то 5 сол

Шарту талаботҳои иҷозатномадиҳӣ: тибқи банди 3 боби 41

Низомнома дар бораи хусуссиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият:

Барои шахсони ҳуқуқӣ:
- дар воҳиди кори шахси ҳуқуқӣ мавҷуд будани як нафар корманди дорои таҳсилоти махсус дар соҳаи туризм ва ё бо таҷрибаи кори на кам аз 3 сол дар ҳамин соҳа;
- на камтар аз як маротиба дар се сол такмили ихтисоси кормандони шахси ҳуқуқӣ, ки бевосита бо ташкили саёҳат, экскурсияҳо ва хизматрасонии ба он алоқаамнд машғуланд;
- мавҷуд будани утоқи хизматии хусусӣ ва ё иҷоравӣ бо таҷҳизоти дахлдор;
- танҳо баъд аз ба имзо расонидани шартнома бо мизоҷон, ки ба талаботи қонунгузории ҶТ мувофиқат мекунанд, амалӣ намудани хизматрасонии туристӣ;
- дастрас намудани маълумоти пурра ба ҳар як турист оид ба хусусиятҳои ба хориҷа рафтан, ворид гардидан ва будубош дар давлати хориҷӣ, оид ба қоидаҳои рафтор ва интизом дар вақти сафари туристӣ ба хориҷа;
- ба истеъмолкунандаи хизматрасонии туристӣ дастрас намудани маълумоти пурра оид ба реҷаи кори ташкилкунандаи хизматрасонии туристӣ, суроғаи ҳуқуқии он, мавҷуд будани иҷозатнома, насаб, ном ва номи падари шахсони мутассадӣ, ки дар пеш бурдани самтҳои мушаххаси фаъолияти туристӣ масъуланд;
- нусхаи шартнома бо ташкилоти суғуртавӣ доир ба суғуртаи сайёҳон;
- мавҷуд будани системаи таъмини бехатарӣ, расонидани ёрии тиббӣ ва дигар кӯмакҳо ҳангоми ҷароҳат бардоштан, беморӣ ва дигар ҳолатҳо ба туристон;

Барои соҳибколрони инфиродӣ:
- омодагии касбӣ, шаҳодатномаи тахассусӣ ва таҷрибаи ташкили хатсайрҳои туристӣ;
- хатсайри туристии таҳиягардида;
- маълумоти тиббӣ оид ба ҳолати саломатӣ.

Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ пас аз гирифтани иҷозатнома ҳангоми ташкили хизматрасонии туристӣ, сайёҳони хориҷшаванда ва дохилиро бо роҳхатҳои шаклашон ягона таъмин менамоянд. Барои сайёҳони воридшаванда реестри ташрифи сайёҳи хориҷӣ ҷори карда мешавад. Роҳхатҳои шаклашон ягона ва реестри ташрифи сайёҳони хориҷӣ бо мақсади ташкили омори дақиқи хизматрасонии туристӣ аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои таҳия ва назорат карда мешавад.
Роҳхатҳои шаклашон ягона ҳуҷҷати ҳатмие мебошанд, ки аз бастани шартнома байни ташкилотҳои туристӣ ва сайёҳон шаҳодат медиҳанд. Субъектҳои фаъолияти туристии дорои иҷозатнома баъд аз ташкили саёҳати шаҳрвандон ба хориҷи кишвар ва ё қабули сайёҳони хориҷӣ ба мақомоти ваколатдори соҳа ҳисоботи хаттӣ пешниҳод менамоянд.

Барои гирифтани иҷозатнома довталаб бояд ҳуҷҷатҳои иловагии зеринро пешниҳод намояд:
-ҳуҷҷатҳое, ки мавҷуд будани филиалҳо, намояндагиҳо ва иншоотҳои шахси ҳуқуқиро дар минтақаҳои алоҳида, ки аз тариқи онҳо фаъолияти туристӣ амалӣ карда мешавад, нусхаи низомномаҳо, фармонҳо доир ба таъини роҳбарон, боваринома ба роҳбар, суроға, суратҳисоби бонкӣ;
-барои шахси ҳуқуқӣ ва воқеии хориҷӣ сертификати аз ҷониби мақомоти нотариалӣ тасдиқнамудаи давлати хориҷӣ ё мақоми ваколатдор барои машғул шудан ба фаъолияти туристӣ, ки аз салоҳияти шахси ҳуқуқӣ ва воқеӣ шаҳодат медиҳад ва дар идораҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ё сохторҳои дахлдори Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шудааст.

Номгӯй ва намунаи ҳуҷҷатҳое, ки барои ба даст овардани иҷозатнома заруранд:
1. Аризаи шаклаш муқараргардидаи довталаби иҷозатнома
2. Нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ, ва нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии ташкилот ба сифати шахси ҳуқуқӣ;
3. Нусхаи шаҳодатномаи ба қайд гирифтани довталаби иҷозатнома дар мақомоти андоз;
4. Ҳуҷҷат оид ба пардохти ҳаққи иҷозатнома барои баррасии аризаи довталаби иҷозатнома;
5. Малумот дар бораи дараҷаи ихтисоси кормандони ташкилот;
6. Маълумот дар бораи мавҷуд будани филиалҳо, намояндагиҳо ва иншоотҳои шасси ҳуқуқӣ дар минтақаҳои алоҳида, ки аз тариқи онҳо фаъолияти туристӣ амалӣ карда мешавад;
7. Ҳуҷҷатҳое, ки мавҷуд будани утоқи хизматии хусусӣ ва ё иҷоравӣ бо таҷҳизоти дахлдорро тасдиқ менамоянд;
8. Нусхаи шартнома бо ташкилоти суғуртавӣ доир ба суғуртаи сайёҳон;
9. Нусхаи сертификати аз ҷониби мақомоти нотариалӣ тасдиқ намудаи давлати хориҷӣ ё мақоми ваколатдор барои машғул шудан ба фаъолияти туристӣ, ки аз салоҳияти шахси ҳуқуқӣ шаҳодат медиҳад ва дар идораҳои консулии кишвар дар хориҷа ё сохторҳои дахлдори Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳӯрӣ ба расмият дароварда шудааст.

Намунаи ариза

Намунаи ичозатнома